Як мард дар шаҳри Портленди Иёлоти Муттаҳида ба гумони қатли ду нафар боздошт шудааст. Бино ба хабарҳо, ин ду нафар талош доштанд, Ҷеремӣ Кристианро нагузоранд, то ду занро, ки мусалмон ба назар мерасиданд, озору азият кунад.
Ҳамлагар рӯзи 26-уми май дастгир шудааст. Ин ҳодиса дар дохили як қатори мусофирбарӣ ва замоне рух додааст, ки Ҷеремӣ Кристиан хитоб ба ду зан суханони таҳқиромези қавмӣ ва мазҳабӣ задааст.
Ин ду зан пеш аз расидани пулис маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд. Акнун пулис талош дорад, ки онҳоро барои саволу ҷавоб пайдо кунад. Ҳанӯз ҳувияти ду марди қурбонӣ ҳам эълон нашудааст.