Дар паёми табрикиаш ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон президент Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба корҳои хайру савоб дар ҳақи ниёзмандон ва ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ даъват кард. Дар паёми табрикии президент, ки шоми 26 май, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон нашр шуд, аз ҷумла таъкид шудааст, ки «садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеаро - на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр” кунанд.
Инчунин президент ёдовар шудааст, ки “ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан” аз аъмоли хайре ба ҳисоб меравад, ки мушкили ниёзмандонро осон мекунад. Раҳмон гуфтааст, Рамазон бояд моҳи таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар Тоҷикистон бошад.
Субҳи 27 май дар Тоҷикистон ва дигар нуқоти мусалмоннишини ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад ва дар давоми 30 рӯзи баъди мусалмонон бояд дар давоми рӯз парҳезкорӣ карда, аз истеъмоли обу ғизо худдорӣ кунанд. Беш аз 90 дарсади сокинони Тоҷикистон мусалмон ҳастанд.