Боздошти зодагони Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми терроризм

Мақомоти Русия мегӯянд, чаҳор нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва тарҳрезии ҳамлаҳо дар шабакаҳои нақлиётии Маскав дастгир карданд. Хадамоти Таҳқиқоти Федералии Русия ва ё ФСБ рӯзи 25-уми май, бо нашри баёнияе гуфт, ин чаҳор нафар, ки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, аз Сурия дастур мегирифтанд. Маълум нест, ин афродро кай дастгир кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки дар маъмурони амниятӣ дар хонаи боздоштшудагон коргоҳи тавлиди маводи тарканда, абзорҳои худсохти таркандаи омодаи таркиш ва дигар муҳимоти ҷангӣ ва адабиёти экстремистӣ пайдо ва мусодира карданд.

Ба гуфтаи ФСБ, ин афрод қасд, доштаанд, баъди бомбгузориҳо ба Сурия бираванд. Таъйиди билофосилаи дурустии баёнияи ФСБ номумкин аст. Чанд ҳафта пеш аз ин дар натиҷаи бомбгузорӣ дар метрои шаҳри Санкт Петербург, 16 нафар кушта шуданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки ҳамларо як шаҳрванди 22-солаи қирғизтабори кишвар анҷом додааст. Дар робита ба ин ҳамла дар рӯзи 3-уми апрел 10 зодаи Осиёи Марказиро дастгир кардаанд.