Сардабири нашрияи "Тон-М" Дмитрий Попков, дар шаҳри Минусинскии водии Красноярск кушта шуд. Пулис камаш се фарзияи кушторро баррасӣ мекунад, ки яке аз онҳо куштор бар поияи фаъолияти касбӣ аст.
Тавре дар бахши Идораи таҳқиқоти ҷиноӣ дар Красноярск хабар доданд, ҳодиса шоми рӯзи 24 май рух дод ва ҷасади Попков дар ҳаммоми ҳавелии хусусӣ ошкор шуд. Ба гуфтаи хабаргузории 19rus.Info қотил ба сӯи Попков панҷ дафъа тир кушодааст.
Қаблан алайҳи худи Дмитрий Попков, ки намояндаи мардумӣ дар Шӯрои шаҳрӣ буд, бо иттиҳоми латту кӯби кӯдак парванда боз шуд. Попков иттиҳомро қабул надошт, аммо додгоҳ ӯро муҷрим эълон кард ва ба 300 соат кори маҷбурӣ муҷозот намуд.
Дмитрий Попков баъдан ба нашри "Тон-М" оғоз кард, ки хабару матолибаш рӯи ҷомеъаи Минусинск таъсир мегузошт. Дар яке аз сӯҳбатҳои матбуотӣ Попков гуфта буд, ки нашрия "устухон дар гулӯ"-и мақомоти маҳаллӣ шудааст ва онҳо хабарнигоронро таҳдид мекунанд ва метарсонанд.