Усмонов Навалнийро бо "Шариков" монанд кард ва аз мубоҳиса даст кашид

Султони сарват Алишер Усмонов

Алишер Усмонов, сарватманди узбактабори Русия, дар муроҷиати дувуми видеоӣ ба раҳбари Бунёди мубориза бо фасод Алексей Навалний, ӯро ба Полиграф Шариков – қаҳрамони Михаил Булгаков аз асари “Қалби сагона” – монанд кард, ки қавл дода буд “ҳамаро меситонад ва тақсим мекунад”.

Усмонов Навалнийро на танҳо “авомфиреби бесавод” (тавре ӯ Шариковро меномад), балки “устоди дурӯғ” хонд.

Миллиардер Усмонов навори видеоияшро дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” нашр кард.

Ӯ дар ин навор аз пешниҳоди Навалний барои мубоҳиса даст кашид ва гуфт, ки баҳс дар додгоҳ баргузор мешавад. Баҳси додгоҳии Усмонов алайҳи Навалний ба рӯзи 30 май барномарезӣ шудааст.

Сабаби мурофиаи додгоҳӣ нашри маълумоти Бунёди зиддифасоди Навалний аст, ки бар пояи он гӯё Алишер Усмонов порчаи замини қиматро ба бунёди “Соцгоспроект” тӯҳфа кард, ки раҳбарии онро ҳамдарси нахуствазир Дмитрий Медведев бар дӯш дорад. Навалний ин бунёдро ба фасодкорӣ муттаҳам мекунад.