Трамп барои мулоқот бо поп Франсиск вориди Итолиё шуд

Доналд Трамп бо ҳамсараш Мелания

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои мулоқот бо попи Рум Франсиск дар Ватикан ва гуфтугӯ бо мақомоти Итолиё аз Исроил ба ин кишвар рафт. Ҳавопаймои Air Force One рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи Леонардо да Винчии Рум ба замин нишаст. Қарор аст, Трамп рӯзи чаҳоршанбе бо попи Рум мулоқот кунад.

Сафари Трамп ба Итолиё камтар аз 24 соат идома карда, баъдан ӯ барои гуфтугӯ бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва НАТО озими шаҳри Брюссел мешавад. Трамп рӯзи панҷшанбе барои иштирок дар саммити бузургтарин кишварҳои пешрафтаи саноатии "Ҳафтгонаи бузург" дубора ба Итолиё бар мегардад.

Президент Трамп ва попи Рум дар робита ба масъалаҳои муҳоҷират, тағйири иқлим ва Ислом ғоибона зидди ҳамдигар паёмҳои интиқодӣ додаанд. Попи Рум соли гузашта дар посух ба суол дар бораи тасмими Трамп барои бунёди девор дар марзи ИМА бо Мексика гуфт, шахсе, ки ба ҷои сохтани пул бунёди деворро ба баррасӣ мегирад, "масеҳӣ нест".