Коршиносон: "Барои Тоҷикистони хурд таваҷҷӯҳ ба як самт хатарнок аст" ВИДЕО

Коршиносони тоҷик ширкати Тоҷикистон дар эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм ба раҳбарии Амрикоро ба таъмини амният ва ҳифзи истиқлолияти ин кишвар муҳим мешуморанд, вале ҳамзамон, онҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон бояд аз пайвастан ба ҳар гуна эътилофе, ки алайҳи кишвари дигар тарҳрезӣ шудааст, парҳез кунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 21 май дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд, сарони 50 кишвари мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва нобудии ДИИШ даъват кард.

“Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо абарқудратҳо тавозунро риоят кунад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба манзури мубориза бар зидди терроризм, бахусус ДИИШ дар Ироқу Сурия хостори ташкили нерӯи низомии 34-ҳазорнафара шуд. Дар ин нишаст, ӯ Эронро танқид кард, ки ба гуфтаи Доналд Трамп дар Ховари Миёна вайронӣ меорад. Сиёсатшиносони тоҷик мегӯянд, давлати Тоҷикистон ҳангоми тасмимгирӣ дар ин замина қабл аз ҳама бояд манфиатҳои миллии худро дар назар гирад.

Рашид Абдулло

Ба эътиқоди Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили минтақавӣ, Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм бо як кишвар ё эътилофе иктифо накунад ва дарҳои худро барои ҳамкорӣ ба кишварҳои дигар боз гузорад.

“Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо ҳама ҷонибҳо ҳамкорӣ кунад. Амрико низ дар мубориза бар зидди ДИИШ бо Русия ва Эрон ҳамкорӣ мекунад. Ҳамкорӣ бо Амрико ва муттаҳидонаш барои Тоҷикистон маънии канор рафтан аз ҳамкориҳо бо Русия, Эрон ва Чин нест. Барои Тоҷикистони хурд барои таъмини амнияташ таваҷҷӯҳ ба як самт хеле хатарнок аст. Украина ва Гурҷистон ба як самт таваҷҷӯҳ карданд, ки оқибаташ маълум аст. Ҳарду кишвар якпорчагии ҳудудашонро аз даст доданд. "

Сарнавишти Украинаву Гурҷистонро бубинед

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, тавозуни манфиати абарқудратҳо бояд риоят шавад, зеро Русия ва Чин метавонанд, дар сурати таҳдид ба манфиаташон дар Тоҷикистон муттаҳид шаванд. "Амрико, ки дар паси уқёнусҳо воқеъ аст, кумак карда наметавонад” мегӯяд коршиноси тоҷик.

Рашид Ғанӣ Абдулло гуфт, мумкин аст, дар сурати пайвастан ба Эътилофи зиддитерроризми кишварҳои арабу мусалмон ва ИМА - Тоҷикистон аз назари сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низомӣ манфиат бинад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Коршинос: Таваҷҷӯҳ ба як самт барои Тоҷикистон хатарнок аст"

“Албатта, агар ин мубориза алайҳи терроризм бошад, на бар зидди кишвари дигар, ки худ бар зидди терроризм мубориза мебарад. Бояд ҳамкориҳои Тоҷикистон бар хилофи шарикони старатегиаш набошад. Ҳамсояҳои мо - Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистон бо Эрон ҳамкориҳои танготанг доранд. Худи Амрико низ дар масъалаи фурӯхтани 100 адад ҳавопаймои “Боинг” бо Эрон ҳамкорӣ мекунад. Ин ҳам ба фоидаи Амрико ва ҳам Эрон аст”, - гуфт вай.

Зимнан, Арабистони Саудӣ аз муттаҳидони Амрико аст ва борҳо Эронро ба дахолат дар умури кишварҳои арабӣ муттаҳам кардааст. Ҳукумати Эрон иттиҳомоти дахолат дар умури кишварҳои арабиро рад кардааст.

Доналд Трамп зимни суханронӣ дар Риёз

Доналд Трамп низ дар ҳамоиши Риёз Эронро ба сармоягузории терроризм муттаҳам карда ва гуфт, ки ин кишвар сабаби ноамнӣ ва харобӣ дар тамоми Ховари Миёна шудааст. Трамп Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро барои “ҷиноятҳои гӯшношунид ба зидди башарият” ва Эронро барои мусоидат ба низоъ дар ҷанги шашсолаи дохилии Сурия танқид кард. Зимни боздид аз Исроил ҳам рӯзи 22 май Трамп аз Эрон тақозо кард, ки маблағгузории “террористон ва ҷангиён”-ро хотима диҳад.

Амрико дар Ховари Миёна чӣ ҳадаф дорад?

Нахустин саммити кишварҳои олами арабӣ, исломӣ ва Амрико рӯзи 21 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо ҳузури даҳҳо тан аз сарон ва намояндагони кишварҳои арабиву исломӣ ва Амрико ҷараён гирифт ва мавзӯи аслии суҳбат мубориза бо ифротгароиву терроризм буд. Дар саммити шаҳри Риёз раҳбарону мақомоти баландпояи 50 кишвари мусулмоннишин, аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур ва суханронӣ карданд.

Ҳарчанд Доналд Трамп ҳадафи сафараш ба кишварҳои Ховари Миёна ва баргузории ҳамоиши сарони кишварҳои арабу мусалмонро муттаҳид сохтани талошҳои кишварҳои минтақа барои мубориза алайҳи терроризм ва нобудсозии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” унвон кард, вале коршиносони тоҷик мегӯянд, раиси ҷумҳури Амрико дар ин сафар бештар манфиатҳои миллии худро дар мадди назар доштааст.

Ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло имзои қарордодҳои 110 миллиарддолларӣ бо Арабистони Саудӣ ва ҳамроҳии даҳҳо тан аз намояндагони ширкатҳои ин кишвар дар ин сафари раиси ҷумҳур далели ин арзёбиҳост.

Дӯшидани Арабистони Саудӣ?

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ рӯзи 21-уми май дар сафҳаи "Твиттер"-и худ бо ишора ба ҳадафҳои Доналд Трамп дар Ховари Миёна навишт: "ин сиёсати хориҷӣ аст, ё фақат дӯшидани 480 миллиард доллари Арабистони Саудӣ?"

Ҳасан Рӯҳонӣ

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии 19 май дубора пирӯз шуд, дар посух ба интиқодҳои Трамп гуфт, “бидуни Эрон расидан ба сулҳи Ховари Миёна имконнопазир аст”. Вай гуфт, интихоботи ахири Эрон баёнгари он аст, ки эрониён хостори демократия ва ҳамкории бештар бо ҷаҳон мебошад.

Ба эътиқоди сиёсатшиносони тоҷик, Саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд, бидуни шак ҳодисаи муҳим аст, чун дар чанд соли ахир чунин вохурӣ баргузор нашуда буд. Ҳарчанд ҳамоиши сарони кишварҳои мусалмон дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ анҷом мешуд. Аммо ҳамоиши сарони кишварҳои мусалмон бо раиси ҷумҳури Амрико чизи комилан тоза аст. Ширкати сарони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар он низ камсобиқа аст.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия сокинони Ироқ ва Сурия аз ибтикори ташкили неруҳои вижаи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико дар мубориза алайҳи терроизм истиқбол карда ва гуфтаанд, неруҳои дигари зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ метавонанд ба нерӯҳои байналмилалӣ пайваста ва “терроризмро дар ин кишварҳо комилан решакан кунанд”.

Дар ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва суханронӣ кард. Сиёсатшиносон мегӯянд, сиёсати Тоҷикистон бисёрсамта аст ва дар чаҳорчӯби ин сиёсат ширкати Тоҷикистон шаръӣ ва ба куллӣ ҷавобгӯи манофеъи кишвар мебошад. Тоҷикистон ҳақ дорад ба хотири бароварда сохтани манфаитҳояш дар ҳар вохӯрӣ ширкат кунад. Танҳо ба шарте, ки ба манфиати миллиаш бошад.