Ҳукумати Чин аз соли 2010 то соли 2012 талошҳои Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё CIA барои ҷамъоварии иттило аз дохили ин кишварро муназзам ба ҳам зада ва чандин нафар аз гумоштаҳои ин хадамоти ҷосусиро куштааст.
Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” рӯзи 21-уми май бо нашри гузорише дар ин бора навишт, ки ошкор шудани талошҳои хадамот, аз бадтарин таҷрибаҳоест, ки CIA дар даҳсолаҳои ахир шоҳид шудааст. Рӯзнома аз қавли 10 корманди феълӣ ва собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико навиштааст, мумкин аст, ҷосусе дар дохил ва ё рахнаи шабакаи мукотиба бо гумоштаҳо дар хориҷ аз тарафи Чин сабаби ифшои талошҳои он шуда бошад.
Ба навиштаи рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”, аз соли 2010 то соли 2012 мақомоти Чин на камтар аз 10 нафар гумошта ва ё манбаи иттилоои CIA – ро ошкор карда ва куштаанд. Яке аз онҳоро, ки корманди ниҳоди ҳукуматӣ будааст, ба навиштаи рӯзнома дар саҳни бино ва дар ҳузури ҳамкоронаш куштаанд, то ба дигарон дарси ибрат шавад.
Ду мақоми собиқи амрикоӣ гуфтаанд, ки Чин дар маҷмӯъ аз 18 то 22 манбаи Хадамоти Истихборотии Амрикоро ё куштааст ва ё ба зиндон андохтааст. Ба навиштаи рӯзнома, то соли 2013, Чин дигар натавонистааст, ки манобеи CIA-ро ошкор кунад.