Фармондеҳони артиши Ироқ мегӯянд, фақат 8 километри мураббаъи қаламрав дар ғарби шаҳри Мавсил дар дасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” мондааст, вале ҷангҳои шадид бахусус дар Шаҳри қадима дар пеш аст. Фармондеҳони нерӯҳои вижаи Ироқ рӯзи 20-уми май гуфтанд, ки сарбозони онҳо манотиқеро, ки поксозиашро бар дӯш доштанд, озод карданд ва омодаанд, “дар сурати фармони нахуствазир ба ҳар нерӯҳои дигар кӯмак кунанд.”
Бино ба гузоришҳо, ҳоло ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ноҳияҳои Ал-Шафо, Ал-Зинҷиҷи ва Шаҳри қадима сангар гирифтаанд, ки ҳарсе дар канораи ғарбии наҳри Даҷла воқеанд. Амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои ишғоли Шаҳри қадима ва борику сераҳолие равона шудааст, ки онҷо 500 ҷангҷӯ сангар гирифтаанд ва мардумро ба ҳайси сипари зинда ба кор мебаранд.
Умедворам шаҳри Мавсил то чанд рӯзи дигар комилан озод карда мешавад.
Дар Шаҳри қадима, масҷиде ҷойгир аст, ки маҳз дар онҷо Абубакр ал-Бағдодӣ, соли 2014 аз таъсиси ба ном “Хилофати давлати исломӣ” хабар дод. Ҳангоми суханронӣ дар як нишасти Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар Ӯрдун дар рӯзи 20-уми май, Фуод Маъсум, раиси ҷумҳури Ироқ гуфт, умедвор аст, шаҳри Мавсил “то чанд рӯзи дигар” комилан озод карда мешавад.
Артиши Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар моҳи октябр амалиёт барои озодии шаҳри Мавсилро шурӯъ кард, ки инҷо такягоҳи бузург ва охирини гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ аст.
Қисмати шарқии шаҳрро аввали имсол озод карданд, вале ҷангҷӯён дар қисмати ғарбӣ ва сераҳолии шаҳр ба нерӯҳои давлати муқовимати сахт нишон медиҳанд. Ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳри Мавсилро соли 2014 ишғол карданд ва дар соле, ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурия ба дасташон афтод. Ҳоло Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар ҷанг ба зидди ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Мавсили Ироқ ва Раққа охирин такягоҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия, пешравии зиёде кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 18-уми май гуфт, ки бо шиддат гирифтани ҷангҳо дар Мавсил мумкин аст, то 200 ҳазор нафар хонаҳояшонро тарк кунанд. “Теъдоди афроде, ки мегурезанд, он қадар зиёд аст, ки муҳофизат ва кӯмак ба онҳо мушкилтар мешавад” -гуфт, Лиз Гранде, ҳамоҳангсози барномаҳои башарии Созмони Милал.
Агар дар як тараф нерӯҳои Ироқ аз пешрафт дар шаҳри Мавсил хабар медиҳанд, аз дигар гӯшаҳои кишвар, доир ба бомбгузориҳои ҷангҷӯён хабар мерасад. Ба гуфтаи як фармондеҳ аз шаҳри Басра, рӯзи 19-уми май дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар як посгоҳ камаш 8 нафар аз ҷумла 5 ғайринизомӣ ва 3 сарбоз кушта шуданд. Дар ин ҳамла 41 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” гуфт, бомбгузорӣ кори дасти маргталабони ин гурӯҳ будааст ва ҳадафашон ҳам шиамазҳабон будаанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин масъулияти ду бомбгузорӣ дар шаҳри Бағдодро бар дӯш гирифт, ки дар натиҷаи ин ду ҳамла 19 нафар кушта шуданд ва 33 тани дигар захм бардоштанд.