Фармондеҳони ироқӣ мегӯянд, нерӯҳои кишвар дар ҷанг бо гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бо пешрафт дар ғарби шаҳри Мавсил, даҳҳо нафарро озод кардаанд.
Роиз Шокир, фармондеҳи нерӯҳои вазорати умури дохилӣ рӯзи 6-уми май гуфт, ки баъди оғози амалиёт дар рӯзи 3-уми май нерӯҳои онҳо ба ноҳияи Ал-Ҳаромат дар шимолуғарби Мавсил ворид шуданд ва 500 метри қаламрави ноҳияро аз дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод карданд.
Ба гуфтаи вай, дар ин набард дар як рӯз 15 ифротгароро куштанд ва даҳҳо нафарро аз дасти онҳо раҳо карданд. Пеш аз ин мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки нерӯҳои таҳти ҳимояти Амрико ноҳияи Мушриф дар ғарби Мавсилро аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ пок карданд, вале айни замон даҳҳо нафар аз тарси ҷанг аз ин ноҳия ба шарқи Мосул фирор кардаанд.
Созмони Милал мегӯяд, то кунун аз 300 000 то 500 000 нафар дар манотиқи зери назорати гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ мондаанд ва роҳҳои таъмини баъзе аз ин ноҳияҳо бо маводи ғизоӣ то 6 моҳ аст, ки бастаанд.