Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар Душанбе муайян кард, ки бисёре аз сокинон мехоҳанд, дар як моҳ ҳадди ақалл 3 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳорсад доллар, маош ё даромад дошта бошанд. Онҳо мегӯянд, ин миқдор пул барои як зиндагии хушу комил кофӣ нест, вале маблағест, ки аз ин моҳ то моҳи дигар бидуни саргардонӣ ва ё қарз гирифтан мерасонад.
Назари сокинон инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Феълан ҳадди маоши миёна дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи поинтарин қарор дорад.
Яке аз назардиҳандагон дар хиёбонҳои Душанбе гуфт, ки дар асл барои як моҳи зиндагӣ то панҷ ҳазор сомонӣ зарур аст, “аммо бо се ҳазор сомонӣ ҳам мешавад зист”. Назардиҳандаи дигар гуфт, ӯ мехоҳад 300-400 доллар маош дошта бошад, чун, ба гуфтаи вай, ин миқдор пул натанҳо барои хӯрдану пӯшидан, балки барои таҳсили фарзандон низ сарф мешавад.
"Ҳоло нархи ҳамаи маҳсулоту хадамот боло рафтааст, аз ҷумла хадамоти коммуналӣ. Мехоҳам кӯдакон хуб зиндагӣ кунанд. Ҳамроҳашон ба берун ба тамошо биравем", - афзуд ин мусоҳиби мо.
- "Маоши мехостаи ман барои ҳозир 1000 доллар аст. Ин миқдор пул ба оила сарф мешавад. Баъдан маош бояд чунон бошад, ки барои дар оянда харидани хонаву гирифтани мошин ва таҳсили фарзандон низ захира карда тавонӣ."
- "Се фарзанд дорем, ҳазор сомонӣ маош бошад, мешавад."
- "Мо мехоҳем, ки ду ҳазор сомонӣ маош дошта бошем. Барои онки зиндагӣ кунем, пули барқ пули боғчаи бачаҳоро бидиҳем."
- "Ҳадди ақалли маош бояд ба як халта орду чанд литр равған ва ду кило қанд бирасад."
Феълан ҳадди маоши миёна дар Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи поинтарин қарор дорад. Мақомот далели ин вазъро ба рушди кунди саноат ва коҳиши ҷиддии қурби сомонӣ дар баробари доллар рабт доданд.
Бино ба гузориши Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маоши миёна дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба 127 доллар баробар будааст. Дар ҳоле ки маоши миёна дар Қирғизистон 201, Узбакистон 250 ва Қазоқистон 430 долларро ташкил додаанд. Дар ин росто Русия дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пешгом буда, маоши миёна дар ин кишвар ба 660 доллар баробар аст.
Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ҳангоми арзёбии мизони маоши миёна дар Тоҷикистон бояд сабади истеъмолӣ низ дар назар гирифта шавад. Ба гуфтаи онҳо, дар соли ҷорӣ дар пайи беқурбшавии сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ мизони таваррум дар кишвар боло рафта ва нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум якбора афзоиш ёфт.
Дар натиҷа, ба далели поин будани маоши миёна дар Тоҷикистон ба қудрати харидории сокинон ва дар ниҳоят ба сатҳи зиндагии онҳо таъсир гузоштааст.