Ҷопон ҳамшираҳои шафқати Узбакистонро барои кор даъват мекунад

Ширкати таъмини иҷтимоиёти Ҷопон ният дорад, ҳамшираҳои шафқати Узбакистонро барои кор даъват кунад. Ин масъала дар мулоқоти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Узбакистон Азиз Абдуҳакимов ва намояндагони ширкати таъмини иҷтимоиёти Ҷопон баррасӣ шудааст.

Тавре интизор меравад, давоми соли ҷорӣ наздики 1000 парастор ба Ҷопон фиристода хоҳад шуд. "Таваллуд дар Ҷопон кам мешавад, онҷо касе нест, ки калонсолонро нигоҳубин кунад. Барои нигоҳубини барҷомондагон Ҷопон тасмим дорад, аз Узбакистон ҳамшира даъват кунад", - гуфт вазорати меҳнати Узбакистон.

Ҳайати Ҷопон ният дорад, ҳамкории дарозмуддатро ба роҳ монад. Дар ҳоли ҳозир масъалаи синну сол ва касбияти ҳамшираҳо баррасӣ мешавад.

"Маълумоти тиббии парасторон аҳамияти зиёд надорад. Омӯзиши кутоҳмуддат кифоя аст, ки онҳо маълумоти даркориро аз бар кунанд. Аммо забони ҷопониро донистан ҳатмист", - хабар медиҳад вазорати меҳнати Узбакистон.