Сарбози қатории нерӯҳои пиёдагарди Амрико Челси Мэннинг, ки барои фош кардани ҳазорҳо санади маҳрамона зидонӣ шуда буд, рӯзи 17-уми май ва пас аз ҳафт сол озод шуд. Мақомоти зиндони низомии Канзас гуфтанд, ки ӯ рӯзи чаҳоршанбе аз ин муассиса берун рафт. Мэннинг дар ин ҳафт сол ҷинсияташро дигар кард ва номашро аз Бредли ба Челси тағйир дод.
Моҳи июни соли 2010 Мэннинг, ки он вақт мард ва сарбози қаторӣ буд, барои пахши беш аз 700 ҳазор санади маҳрамонаи низомӣ тавассути Wikileaks боздошт шуд.
Челси Мэннинг танҳо дар ҳоле аз маҳбас ба ин зудӣ берун шуд, ки раиси ҷумҳури собиқи ИМА Барак Обама қабл аз хатми рисолаташ ҳукми Мэннингро нарм кард. Агар Обама ӯро афв намекард, сарбози истихборот дар Ироқ Бредли Мэннинг то соли 2045 дар зиндон мемонд.