“Через – через” дигар фоида надорад? ВИДЕО

Ҳарчанд расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз боздошти баъзе кормандони Оҷонсии зиддифасод хабар надода ва мақомот аз шарҳи расмӣ худдорӣ мекунанд, аммо сокинон мегӯянд, ки аз ин ҳодиса аз матбуоту интернет огоҳанд. Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ чанд нафар гуфтанд, ки ин қазия онҳоро аз як тараф барои расидани ҳақ ба ҳақдор мутмаин карда бошад, аз тарафи дигар дар ҳолати нигаронӣ қарор додааст, ки чӣ гуна муборизони зидди фасод даст ба фасод задаанд.

То ҳол ҳеҷ сохтори ҳифзи ҳуқуқ низ ҷараёни тафтишот ва ҷузъиёти марбут ба шахсиятҳои боздоштшударо расман шарҳ намедиҳанд.

Яке аз назардиҳандагон дар хиёбонҳои Душанбе рӯзи 16-уми май гуфт, ки "ин бузургтарин амалиёт барои боздошти кормандони олуда ба фасод буд ва ҳадди ақалл барои як муддати кӯтоҳ мансабдоронро аз гирифтани ришват боздошт". Назардиҳандаи дигар мегӯяд, чанд бор ба Оҷонсии зиддифасод муроҷиат кардааст, "аммо касе қабул намекунад ва намесанҷад. Аз ин рӯ, чунин ниҳодҳо зиёдатӣ ҳастанд."

Назари сокинон дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Через – через” дигар фоида надорад?

Яке дигар аз назардиҳандагон гуфт, вақте худи кормандони ниҳоди зиддифасод даст ба чунин кор мезананд, бовари мардум нисбат ба онҳо коста хоҳад шуд. "Қонун бояд барои ҳама баробар бошад, аммо дар амал дида намешавад. Барои мисол, вақте як корманди пулис қонуншиканӣ мекунад, нозирони роҳ онҳоро нигоҳ намедоранд ва ҷарима ҳам намекунанд. Аммо вақте як сокини оддӣ чунин рафтор кард, ҳатман ӯро боздошту ҷарима мебанданд. Дар инҷо баробарӣ нест."

Акбаршоҳ Искандаров

Дар ин пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ҷавоб дод ва хеле кӯтоҳ гуфт, ки "касе қонунро вайрон кунад, бояд ҷавоб диҳад. Гузашта аз он, маълум мешавад, ки дар инҷо, ба қавли мардум, "через-через" фоида надорад."

Бино ба гузоришҳо, то кунун 7 корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми тақаллуб ва ё сохтакорӣ боздошт шудаанд. Барои расонаҳо танҳо исми ду нафари онҳо – муфаттиши собиқ Фирӯз Холмуродзода ва муовини собиқи раиси оҷонсӣ Давлатбек Хайрзода фош шудааст.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Ҳафтаи гузашта "Азия-Плюс" бо истинод ба раиси ин оҷонсӣ Сулаймон Султонзода навишт, ки ин ду нафар "барои аъмоли поймолкунандаи обрӯи корманди оҷонсӣ" барканор шудаанд. Вай инчунин гуфтааст, ки тафтишот идома дорад ва ҷузъиёти он ошкор намешавад.

То ҳол ҳеҷ сохтори ҳифзи ҳуқуқ низ ҷараёни тафтишот ва ҷузъиёти марбут ба шахсиятҳои боздоштшударо расман шарҳ намедиҳанд. Расонаҳои расмӣ низ то ба ҳол дар робита ба ин боздоштҳо, ки миёни мардум шоеаҳои зиёдро ба миён овард, хабаре пахш накардаанд. Яке аз суолҳое, ки барои ҷомеа ва матбуот нокушода боқӣ мемонад, ин сабаби боздоштҳо ва ривояти ҷинояти эҳтимолӣ аст, ки аз рӯи он тафтишот ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми май дар нишасти матбуотӣ дар Брюссел гуфт, Тоҷикистон мубориза бо фасодро суръат бахшидааст ва ваъда дод, ки ҳукумат барои решакан кардани ин зуҳурот дар ояндаи наздик “чораҳои сахттаре меандешад”.