Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ё УКС-ро бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи "Истиқлол" ва пешниҳоди ришва 18 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин ҳукм рӯзи 19 апрел содир шудааст. Додгоҳ Анварови 65-соларо, инчунин, ба пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн муваззаф намудааст.
Навори видео:
Баъди боздошти ин гурӯҳ, моҳи марти соли 2016 Маҷмаи тандурустии "Истиқлол" ба фаъолият оғоз кард.
Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд. Онҳо, дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 18 миллион сомонӣ (муодили ду миллион доллар) пули буҷа ва пешниҳоди 448 ҳазор доллар ришва айбдор гардиданд.
Асомуддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи ин парванда Фазлиддин Маҳмудов, мудири “Тоҷикколхозсохтмон” низ ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 миллион сомонӣ маҳкум шудааст. Фирӯз Раҳмонов, муовини ӯро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.
Инчунин,
Олим Саидов, мудири "ПМК 187" - 11 ҳазору 500 сомонӣ;
Олимхӯҷа Маҷидов, сардори Шӯъбаи техникии "ПМК 187" - 80 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати 3 сол;
Тоҳирҷон Тағаев, мудири “Сохтмон - Строй” - 408 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати се сол.
Қосим Фатҳулозода, масъули ҶММ “Саманд 2010” – 460 ҳазор сомонӣ ва манъи фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 сол;
Тоҳирҷон Мирзоҷанов, директори “Хонасоз 4” - 400 ҳазор сомонӣ ва 4 соли маҳрумият аз соҳибкорӣ маҳкум шуданд.
Яке аз наздикони Саидашраф Анваров, шахси калидӣ дар ин парванда, рӯзи 20-уми апрел бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ нисбат ба ин шахс ноодилона буд. Ба қавли ӯ, Анваров на ба он ҳадде гунаҳкор буд, ки дар ҳукми додгоҳ омадааст. "Анваровро бо ҷарима ҳам озод кардан мумкин буд, вале аз аввал дида мешуд, ки ҳама ҷонибҳо ба суд шудани ӯ манфиатдор буданд", - афзуд ӯ.
Додгоҳи шаҳри Душанбе дар оғози моҳи марти имсол ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи раҳбари собиқи муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Душанбе ва 6 тан аз ҳамроҳони ӯ аз ширкатҳои дигари сохтмонии пойтахт оғоз карда буд.
Боздошти ин афрод аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод моҳи октябри соли 2015 сурат гирифтааст. Шубҳаи тафтишот ба инки ба ҳангоми сарфи маблағҳои буҷа масъулин ба изофанависӣ роҳ доданд, боиси боз шудани парванда шуд ва баъдан, замоне ки гумонбарон мехостанд бо додани пора аз ҷавобгарӣ фирор кунанд, боздошт шуданд. Ин яке аз пурсарусадотарин қазияҳои охири соли 2015 буд, ки ба давраи раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо фасод рабт мегирад.
Баъди боздошти ин гурӯҳ, моҳи марти соли 2016 "Маҷмаи тандурустӣ" ба фаъолият оғоз кард. Дар маросими ифтитоҳи он рӯзи 4 марти соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард ва бо пешниҳоди ӯ, исмаш Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" шуд. Он замон гуфта шуд, ки ин бемористон дорои 650 кат буда, бо арзиши умумии 706 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Он дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дар шафати "Маркази ташхиси тиббӣ" (Диагностика) ва бозори "Султони Кабир" воқеъ шудааст ва иборат аз як бемористон бо 650 кат ва як поликлиника барои қабули 800 бемор дар як басти кориро дар бар мегирад. Ба гуфтаи масъулон, ин Маҷмаа 3,5 ҳазор нафарро ба ҷойи нави корӣ таъмин кардааст.