Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ҳақ дошт, маълумоти мубориза бо терроризмро бо Русия дар миён гузорад. Дар ин бора ӯ рӯзи 16 май дар саҳифаи Твиттер навишт.
Трамп гуфт, ки дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров далелҳои марбут ба терроризм ва амнияти парвозҳоро матраҳ кард. Президенти Амрико инро "сабабҳои башарӣ" номид ва гуфт, ки мехоҳад Русия "дар мубориза бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" фаъолтар бошад."
Ба ин тартиб, Трамп ба иттиҳоми матбуоти амрикоӣ посух дод, ки мегӯяд президент иттилои бисёр сирриро ба Лавров фош кард. Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Песков нашри хабарро "ҳарзаи навбатӣ" гуфт, аммо аз тасдиқ ё инкори он худдорӣ кард.
Ба навиштаи нашрияи The Washington Post ва The New York Times, маълумоти бисёр махфӣ дар бораи барномаҳои террористҳо оиди истифодаи ноутбукҳо ҳамчун маводи тарканда дар ҳавопаймоҳои мулкӣ буд. Рӯзноманигорон мегӯянд, ки Вашингтон маълумотро аз кишвари муттафиқ бо шарти ошкор нашуданаш дарёфт карда буд. Ҳамсӯҳбатҳои нашрияҳо аз ин нигаронанд, ки фош шудани маълумоти сиррӣ эътимоди шариконро ба Амрико коста мекунад ва Русия метавонад амалиёти истихборотии онро баҳам бизанад.