Ноиби додситони ИМА дар бораи истеъфои раҳбари FBI гузориш медиҳад

Род Розенштеин ҳангоми суолуҷавоб дар Сенати Амрико

Ноиби Додситони кулли Амрико Род Розенштейн дар бораи қарори президент Трамп, оиди аз мақом барканор кардани раҳбари Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комӣ дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи Сенат гузориш медиҳад.

Намояндаи аршади ҳизби Демократ Ненси Пелосӣ рӯзи 15 май гуфт, ки айни чунин мулоқотро барои палатаи намояндагони ИМА- Конгресс дархост кардааст.

Чак Шумер, раҳбари демократҳо дар Сенат гуфт, ки бо истифода аз ин мулоқот сенаторҳо мехоҳанд "ҳақиқати комил"-ро дар бораи аз мақом барканор шудани раҳбари FBI Ҷеймс Комӣ дарёфт кунанд ва барои таъини додситони махсус ва бозҷӯии дахолати Русия дар интихоботи президентӣ, ба Розенштеин фишор биёранд.

Комӣ дар FBI ба бозҷӯии робитаи эҳтимолии Маскав ва маъракаи интихоботии Трам раҳбарӣ мекард.

Русия даст доштанаш дар дахолат ба умури интихоботро рад мекунад ва Трамп бозҷӯиро "як фиреб" номидааст.

Баъди аз мақом рафтани Комӣ демкратҳо дар порлумон таъини додситони махсус барои таҳқиқи ин дахолатро дархост карданд. Баъзе ҷумҳурихоҳон низ ба таҳқиқи бетарафонаи ин даъвоҳо даъват кардаанд.