Як додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон довталабона аз симматаш истеъфо додааст. Дар ин бора рӯзи 15 май дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, бо фармони президент Рустамзода Саид Қурбонқул бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод карда шуд. Дар бораи сабабҳои истеъфои додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон чизе гуфта нашудааст.