Кушта шудани шаст сокини Хатлон дар ҷангҳои Ироқу Сурия

Феҳристи сокинони вилояти Хатлон, ки барои иштирок дар ҷангҳои бегона таҳти пайгард ҳастанд

Тайи се соли охир дар майдонҳои ҷанг дар Ироқу Сурия ҳудуди 60 сокини вилояти Хатлон кушта шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – дар ин бора рӯзи 13 май дар мулоқот бо мақомоту фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 500 сокини вилоят, аз ҷумла тақрибан сад ноболиғ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд.

"Тибқи таҳлилҳо беш аз ҳама сокинони шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави давлатҳои дигар иштирок доранд", - таъкид кард оқои Раҳмон.

Вай дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки Тоҷикистон кӯшишҳои сиёсисозии исломро қотеона маҳкум мекунад ва афзуд, "мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем. Мардуми Тоҷикистон ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки оташи ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум маҳз аз масҷидҳои вилояти Хатлон бархоста буд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар маҷмӯъ беш аз 1100 сокини кишвар барои иштирок дар ҷангҳои Ховари Миёна рафта, хабари марги сесад нафари онҳо тавассути наздиконашон таъйид шудааст. Мақомот мегӯянд, аксари ин афрод аз тариқи Русия то Сурия рафтаанд.