Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт, ки дар тасмимгириаш барои аз мақом сабукдӯш кардани раҳбари Идораи федеролии таҳқиқот Ҷеймс Комӣ, "омили Русия" ҷой дошт.
"Ҳангоми баррасии тасмимҳои минбаъда дар робита ба Комӣ, ман ба худам гуфтам, нақшеро, ки дар робита ба интихоботи мо ба Русия нисбат медиҳанд, сохтакориест, ки онро демократҳо доман заданд, то айби нокомӣ дар интихобот бар дӯши дигаре бор кунанд" - гуфт Доналд Трамп рӯзи 11 май дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC.
Раиси ҷумҳур ҳамзамон гуфт, ки дар бозҷӯии робитаи атрофиёнаш бо Русия монеъа эҷод намекунад, агар Идораи федеролии таҳқиқот тафтишро "дуруст" ба роҳ монад. Ончӣ ба худи президент рабт мегирад, ба гуфтаи Трамп Комӣ дар сӯҳбати хусусӣ гуфтаст, ки президент мавриди санҷиш нест. Аммо бисёр шореҳон шубҳа доранд, ки Комӣ ҷузъиёти як парвандаи анҷомнаёфтаро ба касе боз кунад.
Иҷрокунандаи вазифаи раҳбари FBI Эндрю Макейб, рӯзи 11 май зимни сӯҳбат дар Сенат гуфт, ки Кохи Сафед ба ҷараёни таҳқиқот дахолат намекунад.
Эътирофи "омили Русия" дар истеъфои Комӣ, ки президент гуфт, аз шарҳи ибтидоӣ, ки Трамп Комиро дар асоси тавсияи вазорати адлия барканор кард, мутафовит аст. Аммо Трамп ба дар сӯҳбат бо NBC гуфт, ки Комиро дар ҳар сурат, сарфи назар тавсияи вазорати адлия низ аз мақом барканор мекард.