Шабакаҳои энержии кишварҳои Балтик мавриди ҳамлаи санҷишии эҳтимолан ҳакерҳои русиягӣ қарор дорад ва ин ҳол НАТО-ро нигарон кардааст. Дар ин хора хабаргузории Reuters рӯзи 11 май гузориш дод.
Лавия, Литва ва Эстония, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО то ҳол дар шабакаи сохтори энержии Русия боқӣ монда, аммо ҳоло тасмим доранд, ки аз роҳи Лаҳистон ба шабакаи Аврпуо ҳамроҳ шаванд.
Таҳқиқи ин масъала нишон додаст, ки дар ду соли ахир рахнагарон ба компютерҳои сохтори энержии кишварҳои Балтик васл мешаванд ва ҳамзамон ҳамлаҳои кибериро ба Украина анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо ноҳияҳои бузурги ин кишвар аз барқ маҳрум шуданд. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот дар ин ҳамлаҳо аз Русия гумонбар шудаанд. Reuters тасдиқи расмии ин хабарро дарёфт накардааст.