Сафари давлатии Мирзиёев ба Чин шурӯъ шуд

Президенти Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев сафари давлатии нахустини худро ба Чин шурӯъ кард, ки бештар сари масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз хоҳад кард. Мирзиёев рӯзи 11 май ба Пекин парвоз кард ва дафтари раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, ки дар ин сафар мулоқоти ӯ бо Сӣ Ҷин Пин, президенти Чин ва дигар аъзои ҳукумати ин кишвар дар назар аст. Асад Хоҷаев, сухангӯи президенти Ӯзбакистон рӯзи 10 май гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба Пекин президент созишномаҳои ҳамкорӣ бо арзиши 20 миллиард долларро бо Чин имзо ва ҳамчунин дурнамои афзоиши сармоягузориҳои Чин ба Ӯзбакистонро баррасӣ мекунад. Мирзиёев инчунин рӯзҳои 14 ва 15 май дар ҳамоиши минтақавии зери исми рамзии “Як камарбанд ва як роҳ”, ки ташаббуси иқтисодии Чин аст, иштирок мекунад. Ин тарҳ муттаҳидсозии тарҳҳои маъруфи иқтисодии минтақавиро дар назар мегирад. Ин нахустин сафари Мирзиёев ба Чин баъди интихоб шуданаш ба мақоми президенти Ӯзбакистон аст ва бисёриҳо умедворанд, ки бо омадани ӯ тағйироте дар шеваи ҳамкориҳо бо ҷаҳони беруна ба амал меояд. Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбакистон ба хотири дур шудан аз зери нуфузи Русия талош кард бо Чин робитаҳои наздику бештаре бунёд кунад. Дар аҳди ӯ мизони содироти гази табиӣ ба Чин бар ивази сармоягузориҳои афзояндаи Пекин ба иқтисоди Ӯзбакистон афзоиш ёфт. Сафари Мирзиёев ба Чин як моҳ баъди мулоцоташ бо Владимир Путин дар Русия сурат мегирад.