Нурӯҳои қудратманди низомӣ дар Покистон рӯзи 10 май барои хунсо кардани ин нигарониҳо, ки дар байни низомиҳо ва ҳукумати мулкӣ шикоф падо шудааст иқдом карданд. Онҳо гуфтанд, ки ба демократи содиқ мондаанд.
Итминони хотир дар ин мавзӯъ дар ҳоле пахш шуд, ки моҳи гузашта низомиҳо дар як иқдоми бесобиқа ҳукумати мулкиро барои матбуотӣ шудани хабари ҷаласаи амнияти миллӣ танқид карданд.
Интиқоди ҳукумат аз тарафи низомиҳо дар кишваре, ки артиши он борҳо қудратро ғасб кардааст, боиси нигаронӣ шуд. Якчанд нахуствазири Покистон, бо шумули нахуствазир Навоз Шариф дар маъмурияти қаблиаш, соли 1999 бо роҳи табаддулот аз қудрат дур шуд.
Сухангӯи низомии Покистон генерал Осиф Ғафур рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҳеҷ асосе барои нигаронӣ вуҷуд надорад. "Мо барои беҳбуди кишвар корро бо сохторҳои ҳукуматӣ идома медиҳем"- гуфт Осиф Ғафур.
Покистон ҳукуматашро соли 2008 бо роҳи демократӣ интихоб кард, аммо низомиҳо дар он аз нуфӯзи беандоза доранд ва ҳамагуна аломати ихтилоф дар байни ин ду, нигарониҳоро аз ояндаи ҳукумати мулкӣ афзоиш медиҳад.