Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон охири ҳафтаи гузашта задухӯрди дастаҷамъона сурат гирифт. Даргириро дар маҳаллаи "Сулҳ" беш аз 100 нафаре ташкил кардаанд, ки аз маҳаллаи дигари маъруф ба "Хитровка" омада буданд.
Дар ин бора манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳанд. Як сокини "Сулҳ" ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳамлагарон асосан ҷавонони аз 16 то 25-сола буда, аз садояшон фаҳмида мешуд, ки шароб ё маводи мухаддир истеъмол кардаанд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҷавонони мазкур фарёд мекарданд, ки "мо аз "Хитровка" ҳастем, ҳар касе худро мард мешуморад, берун барояд. Инҷо омадаем, то шуморо ҷазо диҳем". Ин шахс мегӯяд, ҳамлагарон сокинонеро, ки натавонистанд сари вақт аз назари онҳо пинҳон шаванд, латукӯб кардаанд.
"Ҳар касеро, ки пеш омад бидуни ҳарфе зери мушту лагад қарор медоданд ва ҳатто шишаи даҳҳо мошинеро, ки дар гирду атроф буданд, шикастанд", - афзуд ӯ. Ба иттилои манобеи радио, кормандони пулис ва ёрии таъҷилӣ танҳо баъди пароканда шудани ҳамлагарон ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.
Шумори дақиқи ҳамлагарону осебдидаҳо, ҳадафу сабабҳои ҳодиса ҳанӯз маълум нест ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ишқобод низ ин қазияро шарҳ намедиҳанд.