Ҳошим Гадо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистонро гирифт

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳошим Гадо. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Ҳошим Гадо, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки беш аз сад нақш офаридааст, дар рӯзи таҷлил аз 80-солагиаш бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз шуд. Дар ин бора рӯзи 10 май фармони раиси ҷумҳур содир гардид. Дар фармон таъкид шудааст, ки ин унвонро "барои таҳияи асарҳои баландмазмуни бадеӣ, намоишнома ва тарбияи ҳунармандони ҷавон" ба Ҳошим Гадо супурдаанд. Ҳошим Гадо соли 1937 дар Кӯлоб таваллуд шуда, аз маъруфтарин ҳунармандони кишвар аст. Вай соли 1960 Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийро хатм карда, дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ унвони Ҳунарпешаи мардумиро соҳиб гардида буд. Ҳошим Гадо дар соли 1973 барои нақши Сӯҳроб дар филми "Рустам ва Сӯҳроб" ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дарёфт кардааст. Ӯ нақши Фердинан, Ҳамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ ва Эдипро бозидааст. Соли 2008 намоишномаи "Рӯдакӣ"-ро офарида буд. Ҳошим Гадо муаллифи чандин китоб, аз ҷумла “Розҳо”, “Асо”, “Танҳо” ва... “Кунҷ” мебошад. Қаблан ӯ дар як суҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз бетаваҷҷуҳии мақомот шиква карда ва гуфта буд, ки "ба қадри зиндаҳо намерасанд".