Трамп мулоқот бо Лавровро "бисёр хуб" арзёбӣ кард

Сергей Лавров ва Рекс Тиллерсон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10 май бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Вашингтон мулоқот кард. Трамп мулоқотро "бисёр хуб" номид ва гуфт, ки ҳама бояд барои манъи кушторҳои даҳшатнок дар Сурия талош кунанд.

Аз замони шурӯи фаъолияти расмӣ ба сифати президент, дар пасманзари иттиҳоми дахолати Русия ба умури интихоботи Амрико, ин нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи Доналд Трамп бо мақоми баландпояи Маскав аст.

Гуфтугӯи президент бо Лавров баъд аз мулоқоти ӯ бо Котиби давлатии Амрико Рекс Тиллерсон барномарезӣ шуд.

Дар мулоқоти Лавров ва Тиллерсон мавзӯи Сурия, Украина ва масоили дигар дар маркази таваҷҷӯҳ буд. Тиллерсон гуфт, ин мулоқот имконест, ки ду кишвар муколама ва табодули назарро идома диҳанд. Ҳамзамон Рекс Тиллерсон гуфт, ки равобит бо Русия ба бозсозӣ ниёз дорад.

Доналд Трамп, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботи соли 2016 ба равобити беҳтар бо Русия даъват мекард, баъдан аз мавқеи суннатии ҷумҳурихоҳон кор гирифт ва аз талошҳои НАТО барои муқовимат ба афзоиши нерӯи Русия дар марзҳои Аврпуо пуштибонӣ кард.