Русия 72-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм- 9 майро бо гашти низомӣ ва роҳпаймоӣ таҷлил кард. Дар гашти низомии Майдони Сурхи Маскав дастикам 10 ҳазор сарбозу афсар иштирок кард. Дар ин маросим бори аввал ҷумбиши саросарии Русия -"Юнармия", ки аз патриотҳои рус иборат аст, ба майдон баромад. Ин ҷумбиш бо ибтикори вазири дифои Русия Сергей Шойгу таъсис ёфтааст.
Президенти Русия Владимир Путин хитоб ба низомиён гуфт, ки аз фоҷеи мудҳиш, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, бинобар идеологияи ҷинояткоронаи бартарии як нажод бар нажоди дигар ва парокандагии кишварҳои дунё пешгирӣ нашуд. Путин аз қаҳрамонии мардуми рус дар ин ҷанг ситоиш кард.
Намоиши нерӯи ҳавоӣ бинобар ҳавои номусоид лағв шуд ва 72 ҳавопаймо ва чархбол, ки бояд дар парад иштирок мекарданд ба пойгоҳҳои худ баргаштанд.
Қаблан шабакаи телевизионии РБК гуфт, ки барои пароканда кардани абрҳо дар фазои Кремлин беш аз 100 миллион рубл сарф шуд.
9 май дар аксар шаҳрҳои Русия роҳпаймоии "полки абадӣ" баргузор шуд ва хешу табори иштирокдорони ҷанг бо аксҳои онҳо ба кӯчаҳо баромаданд.