Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар як навор саҳнаи сар задани нафареро намоиш дод, ки афсари истихбороти Русия муаррифӣ мешавад. Ин афсар дар Сурия боздошт шудааст. Дар ин бора гурӯҳи нозири мустақар дар Амрико гузориш дод.
Гурӯҳи истихборотии “SITE” рӯзи 8 май гуфт, навор бо забони русӣ буда, марде бо либоси сиёҳ аз ҷосусҳои дигари Русия даъват мекард, то таслим шаванд. Ин мард дар биёбон ба зону зада буд.
Баъдан марди ришдоре сари ин афсарро, ки сарҳанг Евгений Петренко муаррифӣ шуд, аз тан ҷудо кард. Ҳуввияти ин мард ва воқеӣ будани навор, ки дар остонаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм пахш шуд, маълум нест.
Русия дар тӯли ҷанги шашсола дар Сурия аз шарикони калидии президент Башор Асад номбар мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати дифои Русия, аз моҳи сентябри соли 2015 ҳудудан 30 сарбози рус дар Сурия кушта шудаанд.