Салли Йетс: Флинн эҳтимол мавриди боҷхоҳии Русия қарор дошт

Салли Йетс - ноиби собиқи Додситони кулли Амрико ҳангоми ироаи гузориш дар Сенат.

Ноиби собиқи Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Салли Йетс гуфт, ки ӯ моҳи январи имсол маъмурияти Амрикоро аз хатарнок будани авзои атрофи собиқ мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ Майк Флинн ҳушдор дода буд. Флинн дар заминаи тамос бо сафири Русия Сергей Кисляк эҳтимол мавриди "шантаж" ва ё боҷхоҳӣ қарор гирифт. Йетс рӯзи 8 май дар заминаи баррасии дахолати Русия ба интихоботи Амрико дар зеркумитаи ҳуқуқии Сенат гузориш дод.

Салли Йетс гуфт, ки дар бораи Флинн ду дафъа, як бор шахсан ва бори дигар дар гуфтугӯи телефонӣ ба мушовири ҳуқуқии Кохи Сафед иттилоъ дод.

Он замон, баъди дар матбуот пайдо шудани хабарҳо дар бораи сӯҳбати мушовир бо сафири Русия то маросими савганди Трамп, ноиби раиси ҷумҳур Майкл Пенс аз Майкл Флинн дар мазҳари ом пуштибонӣ мекард. Дар пайи ин ҷанҷол Флинн рӯзи 13 феврал ба истеъфо рафт.

Собиқ раҳбари Идораи истихборот Ҷеймс Клеппер низ дар ин робита ба суолҳои Сенат посух гуфт.

Ҳам Йетс ва ҳам Клеппер гуфтанд, ки мақомоти Русия ба маъракаи интихоботии Амрико дахолат карданд, аммо онҳо нагуфтанд, ки ин дахолат ба натиҷаи интихобот чӣ қадар таъсир дошт.

Сенат қарор кардааст, ки нишастҳои марбут ба ин қазияро пушти дарҳои баста баргузор кунад.