Муҳлати сабти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд. ВИДЕО

Муҳлати сбти дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон то як моҳи дигар дароз шудааст. Масъулони баъзе аз ширкатҳои мобилӣ рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муштариён то охири моҳи май ҳақ доранд, симкортҳои худро аз нав сабтином кунанд. Қаблан муҳлати охирин 30 апрел таъин шуда буд.

Хуршед Қорибобаев, сухангӯи ширкати “Тселл”, тамдиди замони сабти симкортҳоро тасдиқ кард. Вай гуфт, “намояндагиҳои ширкат ба таври муқаррарӣ симкорти муштариёнро сабт мекунанд. То ҳол рақами касе хомӯш карда нашудааст.”

Ҳамсуҳбати дигари мо аз як ширкати мобилӣ гуфт, ки чанд рӯзи қабл масъулони Хадамоти алоқа дар як нишаст тақдири симкортҳоро баррасӣ кардаанд. Ӯ гуфт, “ба хотири онки на ҳамаи муштариён сари вақт аз қайд гузаштанд, муҳлат то охири моҳи май дароз карда шуд. Агар муҳлат тамдид намешуд, имкон дошт, ки симкортҳои зиёде хомӯш гарданд.”

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоди давлатии назораткунандаи соҳаи мухобирот, то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Масъулини Хадамоти алоқа инчунин аз ифшои теъдоди рақамҳое, ки то 30 апрел аз қайд гузаштаанд, худдорӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба ҷинояткор симкорт додед? Ҷавобашро диҳед!

Сабти дубораи симкортҳои фурӯхташуда дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта оғоз ёфта буд. Дар ҳоле ки масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд, ҳадафи асосӣ аз ин маърака аз байн бурдани симкортҳои ғайрифаъол аст, вале охири соли 2015 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо нигаронӣ аз онки симкортҳои Тоҷикистон ба дасти ҷангҷӯёни Толибон низ расидааст, гуфта буд, “7 миллион симкорти фурӯхташуда бояд аз нав сабт шаванд”.