Боздошти собиқ номзад ба мақоми президенти Белорус

Владимир Некляев

Владимир Некляев, сиёсатмадор ва собиқ номзад ба мақоми президенти Белорус, боздошт шудааст. Дар ин бора Олга – ҳамсари Некляев – рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки ӯро соати даҳи имрӯз дар назди хонааш дастгир кардаанд. Владимир Некляев яке аз созмондиҳандагони гирдиҳамоии зидди қонуни ҷаримаи бекорон дар Беларус дар моҳи феврали имсол буд. Дар ин гирдиҳамоӣ аз Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, тақозо шуда буд, ки синни бознишастагиро низ боло набурда ва интихоботи озоду воқеиро ба мардум баргардонад. Пулис то кунун боздошти Владимир Некляевро шарҳ надодааст.