Шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи 5 май дар мунозираи телевизионӣ иштирок мекунанд. Ин мунозираи дувуми номзадҳост, ки қабл аз баргузории интихоботи президентии 19 май баргузор мешавад.
Дар остонаи баргузории ин мунозира, рӯҳонии тундрав Оятуллоҳ Аҳмад Ҳотамӣ, ки намози ҷумъаро дар Теҳрон пеш мебурд, гуфт, ки номзадҳо набояд ташаккули рӯҳониятро зери суол бибаранд.
Раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ барои даври дувуми раёсати чаҳорсола вориди сабқат шудааст. Ду рақиби муҳофизакори ӯ - Иброҳим Раисӣ, рӯҳонии тундрави наздик ба раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шаҳрдори Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолибоф аз сиёсати иқтисодии Ҳасан Рӯҳони танқид мекунанд.
Иброҳим Раисӣ рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон баъзе аз барномаҳои худро барои иштирок дар интихоботи зудрас эълон кард. Ӯ дар бораи ҳамкории Эрон бо кишварҳои дигар ва, ҳамчунин, масъалаи Сурия сӯҳбат намуд.
Рӯзи 28 апрел дар нахустин мунозираи телевизионӣ, ки ба таври мустақим пахш мешуд, номзадҳо ба масоили иҷтимоиву иқтисодӣ тамаркуз карда буданд. Дар ин баҳс Рӯҳонӣ ва Ҷаҳонгирӣ, ноиби нахуствазир, бо Қолибоф бархӯрд карданд, ки ҳукумати Рӯҳониро ба суимудирият муттаҳам намуд.