Наздикони Мирзокарим Назаров – бародари Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) – муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ҳарбӣ ба хонаводаи онҳо муҳлат додааст, то 8 май манзили зисти худро холӣ кунанд. Онҳо ба Додгоҳи олӣ ва ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат доранд, ки ин оилаи серҷамъиятро аз сарпаноҳ маҳрум нанамоянд.
Навори видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин манзил дар номи шавҳарам Мирзокарим Назаров набуду нест. Чаро мо бояд аз хонаҳои худ берун равем? Аҳволи фарзандону набераҳои хурдсолам чӣ мешавад?
Аҳли оилаи Мирзокарим Назаров, бародари калонии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) 22 нафар буда, аз ҳамсару 4 писар ва ду духтару набераҳо иборат будааст. Моҳи апрел чунин тақозо аз Файзигул Назарова, духтари Абдуҳалим Назарзода ҳам карда шуд, ки дар кӯчаи Аҳмади Дониш бо 13 узви дигари хонавода мезист.
Зиёда Қурбонова, ҳамсари Мирзокарим Назаров, рӯзи 4 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "кормандони Додгоҳи ҳарбӣ ба манзили зисти мо омада ва мӯҳлат доданд, ки хонаҳои худро то рӯзи душанбе холӣ карда, ба ҷойи дигар равем." Ӯ гуфт, ҳамроҳ бо набераҳояш 22 нафар дар ин манзили воқеъ дар кӯчаи Қаротегини маҳаллаи Шоҳмансури пойтахт зиндагӣ мекунанд ва ҷойи дигаре барои рафтан надоранд. Мақомоти додгоҳи ҳарбӣ гуфтаанд, ки ин манзил ба фоидаи давлат мусодира мешавад.
Зиёда Қурбонова гуфт, санадҳои хона ба номи ӯ ва фарзандаш расман сабт шудааст. "Ин манзил дар номи шавҳарам Мирзокарим Назаров набуду нест. Чаро мо бояд аз хонаҳои худ берун равем? Аҳволи фарзандону набераҳои хурдсолам чӣ мешавад? Ман аз президенти кишвар, аз Додгоҳи олӣ хоҳиш мекунам, ки ба мо раҳм кунанд. Ҳамсари ман ё фарзандонам дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ҳеҷ вақт ҳамроҳ набуданд”, - мегӯяд Зиёда Қурбонова.
Мақомоти Тоҷикистон баъд аз ошӯби 4 сентябри соли 2015 гуфтанд, ки муовини собиқи вазири дифоъ моликияти зиёде, аз ҷумла фабрикаи мурғпарварӣ, корхонаи нонпазӣ ва моликияти дигар дошт, ки ба нафъи давлат мусодира хоҳанд шуд.
Мақомоти Додситонии кулл ва Оҷонсии зиддифасод моҳи феврали соли 2016 ҷараёни хусусигардонии 12 бинову иншоот ва ҷамъиятҳои мутааллиқ ба собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯро санҷиш карданд. Мақомот гуфтанд, ки танҳо дар 8 иншооти ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст.
Дар як изҳороти дигари мақомот гуфта шуд, ки дар миёни моликияти ба фоидаи давлат мусодирашудаи Абдуҳалим Назарзода, аз ҷумла се истироҳатгоҳ дар дараи Варзоб, тарабхонаву ресторан дар Душанбе, ферма дар Рашт ва моликияти дигар будааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хешовандон исрор меварзанд, ки Мирзокарим Назарови 54-сола дар қазияҳои бародараш даст надошт. Ба гуфтаи онҳо, бо шунидани амалиёти зидди Ҳоҷӣ Ҳалим - Мирзокарим худ ба Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансури шаҳри Душанбе рафта ва мехост ба мақомот бигӯяд, ки дар ин ҳодисаҳо даст надорад. Дигар ӯро надиданд.
Мақомот гуфтанд, ки Мирзокарим Назаров рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо Абдураҳим ва Мирзоҳаёт – ду бародари дигари Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуданд. Ба гуфтаи онҳо, се бародари Ҳоҷӣ Ҳалим замоне кушта шуданд, ки барои моил кардани бародари худ ба гуфтушунид мерафтанд ва дар роҳ аз тири ошӯбгарон кушта шуданд. Наздикон мегӯянд, ба ҷуз иттилои мақомот, ҳеҷ тафсилоти дигаре дар бораи он ҳодисаҳо намедонанд.
26 сентябри соли 2015, даҳ рӯз баъди анҷоми амалиёти 12-рӯза дар дараи Ромит ва кушта шудани Назарзода додситонии кулл гуфт, ки нисбат ба ӯ ва шарикони дигараш ӯ аз рӯи 7 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, тасарруфи яроқу лавозимоти ҷангӣ, одамкушӣ ва терроризм парванда боз кардаанд. Дар ҳодисаҳои сентябри соли 2015 - 14 корманди мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 узви гурӯҳи Назарзода кушта шуданд.
Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ба ҳукумат пайваст ва то ба мақоми муовини вазири дифоъ расид.
Дар паи ошӯби номуваффақ тахминан 200 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. 15 узви баландпояи ҲНИТ, ки дар иттиҳомоти мақомот ба ҳайси “ташкилкунанда ва маблағгузори” ошӯб зикр шудаанд, ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аъзои ҲНИТ, аз ҷумла раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷа ба сар мебарад, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос дониста, ошӯбро баҳонае барои бастани ин ҳизби сиёсӣ унвон кардааст.