Фаъоли мухолифи Кремлин Алексей Навалний шиносномаи хориҷиашро бозпас гирифт ва акнун чашмашро, ки дар ҳамлаи ахир захмӣ шудааст, дар берун аз кишвар табобат хоҳад кард. Дар ин бора асосгузори Бунёди мубориза бо фасод дар блогаш хабар дод.
Қаблан Навалний гуфт, ки нури чашми росташ 80 дар сад кам шудааст, вале Хадамоти муҳоҷират панҷ сол боз шиносномаи ӯро намедиҳад.
Ин сиёсатмадори рус аз рӯи қазияи "Кировлес" ҳабси шартӣ гирифтааст ва аз рӯи қоидаҳои Русия муваққатан наметавонад аз кишвар берун шавад.
27 апрел дар назди бинои Бунёди мубориза бо фасод дар Маскав ба рӯи Навалний "зеленка" пошиданд ва маводи кимиёвии таркиби дору ба чашми ӯ осеб расонд. Навалний дар ин ҳамла Кремлинро гунаҳкор кард, зеро ба гуфтаи ӯ маълумотро дар ҳаракати ӯ танҳо хадамоти махсус медонад.
Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки дар ҳамла ба сиёсатмадор фаъолони гурӯҳи кремлгарои SERB Александр Петрунко ва Алексей Кулаков даст доранд.