Амрико таҳқиқи марги Меҳмон Қаландаровро тақозо кард

Рамзи Департаменти давлатии Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз мақомоти Озарбойҷон даъват кард, ки таҳқиқи шаффофи марги Меҳмон Қаландаров, блогер ва фаъоли ҷомеаи маданиро таъмин кунад. Қаландаров баъди боздошт бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар маҳбас аз дунё даргузашт. Тарафдорони ӯ мегӯянд, ки парванда сохта буд.

Департаменти давлатии ИМА аз марги Қаландаров дар таърихи 28 апрел дар боздоштгоҳ шадидан нигаронӣ кард ва аз Боку хост, ки таҳқиқи бетарафонаи марги блогер ва дар чӣ шароит мурдани ӯро таъмин кунад.

Пажуҳишгоҳи озодӣ ва амнияти хабарнигорон, як созмони ғайридавлатии Озарбойҷон рӯзи 29 апрел гуфт, ки Меҳмон Қаландаров "зоҳиран худро дар боздоштгоҳи Боку ба дор кашидааст". Аммо ин созмон аз қавли ҳомии ҳуқуқи инсон Оқтой Гулалиев марги ӯро мармуз хондааст.

Ба гуфтаи Гулалиев, Қаландаров аз мунтақидони ҳукумати Озарбойҷон буд, ки пайваста ба озодии маҳбусони сиёсӣ даъват мекард.

Ҳукумати Озарбойҷон барои таъқиби фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон пайваста танқид мешавад.

Илҳом Алиев, раиси ҷуҳмури Озарбойҷон, мақоми раҳбариро соли 2003 баъди марги падараш Ҳайдар Алиев ба даст овард.