Додгоҳи Николай Семена бо иттиҳоми "ҷудоиталабӣ"

Дар акс Николай Семена

Мурофиаи додгоҳии Николай Семена, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки мебоист рӯзи 3 май дар Симферопол аз сар гирифта мешуд, ба рӯзи 10 май гузошта шуд.

Николай Семена, ки дар Қрим зиндагӣ мекунад, дар ростои 5 соли маҳбас қарор дорад. Дар Русия якчанд нафар, ки ишғоли Қрим дар соли 2014-ро маҳкум ва ё ин амалро танқид карданд, зиндонӣ шудаанд. Иттиҳоми зидди хабарнигори 66 -сола Николай Семена, соли 2015 бар пояи мақолаи ӯ дар сомонаи "Крым.Реалии" эълон шуд.

Мақомоти дастнишондаи Маскав дар Қрим Семенаро ба ин айбдор мекунанд, ки гӯё дар мақолаи ӯ ба нақзи тамомияти арзии Русия даъват шудааст. Семена худро гунаҳкор намешуморад ва мегӯяд, ки мақоми Қрим ҳамчунин баҳсбарангез аст ва ӯ ҳақ дорад назарашро дар ин робита ошкоро баён кунад.

Ийолоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва нозирони байналмилалӣ дар умури ВАО аз таъқиби додгоҳии Семена изҳори нигаронӣ кардаанд. Фаъолон мегӯянд, ки мурофиаи додгоҳии Семена як бахши фишори Русия ба матбуоти озод ва дигарандешӣ баъди ишғоли Қрим аст.