Раҳбарии ҷангиёни узбак дар Сурияро як тоҷикистонӣ бар дӯш гирифт

Ҷустуҷӯи қотили раҳбари ҷангиёни узбак дар Сурия

Як шаҳрванди Тоҷикистон, бо номи Абӯ Юсуф ба ҷои Шайх Салоҳиддин, ки ахиран аз тарафи яке аз ҳамсафонаш ба қатл расид, раҳбари гуруҳи ҷангиёни узбак -"ал-Бухорӣ" дар Сурия таъйин шудааст. Дар ин бора намояндагони ду гуруҳи ҷудогонаи ҷангиёни Сурия иттилоъ додаанд.

Ба гуфтаи намояндагони ин ду гуруҳ, Шайх Салоҳиддини 43-соларо як зердасташ 27 апрел дар яке аз масҷидҳои шаҳри Идлиби Сурия ҳангоми адои намози шом паррондааст. Ба ҷуз Салоҳиддин, се ҷангии дигар низ кушта шуда, ду тани дигар захм бардоштаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷустуҷӯи гумонбар оғоз ёфт ва барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши ӯ ҳудуди 4 ҳазору 700 доллари ИМА ҷоиза ваъда шуд. Нимаи дувуми рӯзи 28 апрел хабар доданд, ки қотили Шайх Салоҳиддинро дастгир кардаанд.

Гуруҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" бо нашри як изҳорот гуфт,ки нақшаи куштори Шайх Салоҳиддин аз қабл тарҳрезӣ шуда, ӯро ҷангиёни гуруҳи "Хуросон" ба қатл расонданд. Гуруҳи "Хуросон" як шохаи ДИИШ буда, асосан аз ҳисоби зодаҳои Осиёи Марказӣ ташкил шудааст.

Номи воқеии Шайх Салоҳиддин Акмал Ҷӯрабоев буда, зодаи шаҳри Намангони Ӯзбекистон аст.