Остона назорат бар динро бештар мекунад

Идораи ҳукумат дар Остона

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон лоиҳаи консепсияи сиёсати давлатӣ дар бахши дин барои солҳои 2017-2020 муаррифӣ шуд. Ин консепсия бештар кардани назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бахши динро дар назар дорад. Дар ин санад меъёрҳои такмили қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ки тибқи онҳо "асосҳои дунявии рушди давлат бояд густариш дода шаванд".

Нурлан Ермекбоев, вазири умури дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон дар муаррифии консепсия гуфт, мафҳуми дунявият ба маънои "ҷудоии комили давлат аз дин" "қонеъкунанда" набуд.

"Тибқи консепсия, давлати дунявӣ шароити озодии виҷдонро муҳайё ва ба корҳои дохилии созмонҳои динӣ дахолат намекунад", - гуфт вазир ва дар идома афзуд, бо ин вуҷуд давлат бояд фаъолияти ҷамъиятии созмонҳои динӣ, иҷрошавии қонунҳо аз сӯи чунин созмонҳор ва инчунин манфиатҳои кишварро назорат кунад ва ба танзим дарорад.

Баррасии консепсияи мазкур дар ҳукумати Қазоқистон ҳамзамон бо қироати ҳукми яке аз пайравони "Ҷамъияти масеҳиёни Шоҳидони Яҳво" баргузор шуд. Мақомот яке аз пайравони "Шоҳидони Яҳво"-ро дар Қазоқистон дар барангехтани адовати динӣ айбдор карданд.

Бино бар иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 3 658 иттиҳоди диннӣ, аз ҷумла 2 550 масҷид, 495 маъбади протестантӣ, 294 калисои масеҳӣ, 109 калисои католикӣ, ҳафт куништ, 2 маъбади будпарастӣ ва ғайра сабт шудааст.