Раҳбари мухолифони Беларус пеш аз тазоҳурот зиндонӣ шуд

Ҳамсари Михаил Статкевич, раҳбари мухолифони Белорус мегӯяд, шавҳарашро дар остонаи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ боздошт карданд. Марина Адамович рӯзи 30 апрел гуфт, пулис як рӯз пеш ба ӯ хабар додааст, ки шавҳараш панҷ рӯз дар маҳбас будааст. Ӯ далели боздошти шавҳари худро нагуфтааст. Имсол Белорусро ба таври ғайриинтизор мавҷи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ фаро гирифт, ки яке аз онҳо рӯзи 1 май дар Минск, пойтахти ин кишвар барномарезӣ шуд. Статкевич дар интихоботи соли 2010 бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорусия вориди рақобати интихоботӣ шуд. Лукашенко, ки аз соли 1994 дар садри ҳукумат қарор дорад, он замон бори дигар барандаи интихобот шуд. Мунтақидонаш мегӯянд, мақомот интихоботро тақаллуб карданд. Статкевич дар пайи тазоҳуроти бузург алайҳи натиҷаи интихобот боздошт шуд. Ӯ панҷ солро дар зиндон сипарӣ кардааст. Статкевич яке аз раҳбарони тазоҳургарон мебошад.