Вазорат: Душанбеву Маскав ба ҳамкорӣ идома медиҳанд

Бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расман ҳалли “моҷарои ҳавоии” Душанбеву Маскавро тасдиқ кард. Вазорат дар як изҳороти кӯтоҳ гуфт, ки ду тараф тааҳуд карданд, ба ҳамкориҳои судманд идома медиҳанд. Бо ин вуҷуд, тафсилоти бештари ҳалли моҷаро дар даст нест ва мақомоти расмии Тоҷикистон зоҳиран барои ифшои нуктаҳои санади имзошуда майл надоранд.

Қаблан Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ аз поёни музокироти Тоҷикистону Русия хабар дода, гуфт, ки ду тараф “протокол” имзо карданд. Ҷониби Русия низ ҳарчанд аз поёни музокирот хабар дод, вале шарти ҳалли баҳсро нагуфт.

Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати “Ямал”, мегӯяд, Тоҷикистон дар ин музокирот барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбеву Хуҷанд розӣ шуда, дар иваз ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” низ ҳаққи парвозро ба даст оварданд. Вай гуфт, қарор аст, то бист рӯзи оянда парвозҳо шурӯъ шаванд.

Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол боз бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доштанд. Тарафи Русия талаб дошт, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.

Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия тақрибан як моҳ пеш парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард.