Франсуа Олланд – раиси ҷумҳури Фаронса – аз мардуми ин кишвар хост, ки дар даври ниҳоии интихоботи президентӣ дар рӯзи 7 май ба тарафдорӣ аз номзади марказгаро Эммануэл Макрон раъй диҳанд. Олланд рӯзи 30 апрел дар ҳошияи нишасти Иттиҳоди Аврупо гуфт, ҳимоят аз Макрон қарзи ҳар нафар дар назди Фаронса ва Иттиҳоди Аврупост.
Макрон аз тарафдорони боқӣ мондани Фаронса дар ҳайати Иттиҳоди Аврупо аст. Аммо рақиби ӯ раҳбари ростгаро Марин Ле Пен ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзӣ масъалаи ҷудоӣ аз иттиҳодро пайгирӣ хоҳад кард.
Бино ба назарсанҷиҳои ахир, тақрибан 60 дар сад аз Макрон ва 40 дар сад аз Ле Пен ҳимоят мекунанд. Таҳллигарон мегӯянд, ки дар як ҳафтаи ахир рейтинги Марин Ле Пен тақрибан панҷ дар сад боло рафтааст.
Даври аввали интихоботи президентии Фаронса рӯзи 23 апрели имсол баргузор шуд. Дар даври аввал 11 номзад иштирок карда, аз миёни онҳо Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Интихоботи 7 май мушаххас хоҳад кард, ки раҳбари ояндаи Фаронса кӣ хоҳад буд.