Шоҳзода Заҳро Оғохон – духтари Оғохони чаҳор – пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоми 24 апрел ба Тоҷикистон омадааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин сафари Заҳро Оғохон дар кишвар тӯли ду рӯз идома карда, вай аз вилояти Бадахшон ҳам дидан хоҳад намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Шабакаи Рушди Оқохон ё AKDN дар Душанбе, "ҳадафи сафар ошноӣ бо тарҳҳои коҳиши мизони камбизоатӣ, рушди иқтисод, бахши маориф ва тандурустӣ аст."
Қарор аст, Шоҳзода Заҳро Оғохон дар деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим дар рӯнамоии имкониятҳои бахши ҷаҳонгардӣ ё туризм иштирок карда, аз хонаҳои навбунёд дар деҳаи Ғудараи водии Бартанг ҳам дидан кунад. Вай, инчунин, ба рустои Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа хоҳад рафт.
Шоҳзода Заҳро Оқохон узви шӯрои мудирони Шабакаи Оқохон оид ба рушд буда, масъули мудирияти бахшҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи табиатро бар уҳда дорад. Вай фориғуттаҳсили риштаи улуми тавсеа аз донишгоҳи Ҳарвард аст.
Ҳафтаи гузашта Оғохони чаҳор бо як сафар дар Маскав буд ва бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот дошт. Вай ҳамкориро бо Русия барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим донист.