Амалиёти боздошти бехонаҳо ва нашъамандон дар Туркманистон

Пулиси шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон амалиёти боздошти бехонаҳо, майнӯшҳо ва нашъамандонро аз сар гирифт. Таҳхона ва боми биноҳои баландошёна, ки одатан бехонаҳо онҷо паноҳ мебаранд, тафтиш мешавад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, пулис занҳои фоҳишаро низ дастгир мекунад.

Боздоштшудаҳо ба дармонгоҳи муътодон фиристода мешаванд. Одамони муътод онҷо 1-2 моҳ муолиҷа мешаванд, аммо тавре расонаҳо менависанд, ин навбат боздоштшудаҳо то анҷоми бозиҳои Осиё-2017, то охири моҳи сентябр дар дармонгоҳ боқӣ хоҳанд монд.

Тавре хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар кӯчаҳои Ишқобод сокинонеро ҳам, ки дар бар сару либоси дурусте надоранд, боздошт мекунанд. Онҳое, ки дар қайди пойтахт нестанд, ҷарима баста, ба навоҳӣ ихроҷ мекунанд.