Мироҷ Абдуллоев раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шуд

Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Моҳи декабри соли 2014

Мироҷ Абдуллоеви 69-сола раиси нави Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуд. Мирзоазим Насимов, котиби Ҳизби коммунист, рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки интихоби Абдуллоев дар ду рӯзи пеш сурат гирифтааст. Мироҷ Абдуллоев қаблан дар сохторҳои интизомӣ машғули тадрис будааст. Раҳбари собиқи Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков дар моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Талбаков моҳи июли соли гузашта дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуда буд. Вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй дода буданд.