Вазири дифои Амрико ба Афғонистон рафт

Ҷим Маттис - вазири дифои Ийолоти Муттаҳида

Раҳбари Пентагон Ҷим Маттис рӯзи 24 апрел бо як сафари эълоннашуда ва бо ҳадафи арзёбии ниёзҳо дар ҷанги алайҳи Толибон ва ҷангиёни дигар, вориди Афғонистон шуд.

Қарор аст, ки Маттис дар Кобул бо мақомоти Афғонистон ва сарбозони Ийолоти Муттаҳида мулоқот кунад.

Сафари ӯ ҳамзамон бо истеъфои вазири дифои Афғонистон Абдуллоҳ Ҳабибӣ ва раҳбари ситоди артиш сурат гирифт, ки дар заминаи ҳамлаи ахири Толибон ба пойгоҳи низомӣ ва ҳалокати теъдоди зиёди сарбозон аз мақом сабукдӯш шуданд.

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар ҳамлаи рӯзи 21 апрел ба пойгоҳи низомӣ, воқеъ дар шаҳри Мазори Шариф, беш аз 100 сарбоз кушта ё захмӣ шуданд. Аммо мақомот дар Кобул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳодиса беш аз 130 нафар кушта шуд.

Маъмурияти раиси ҷуҳмури Амрико Доналд Трамп талош дорад, ки дар робита ба Афғонистон стратегияи худро таҳия кунад.

Гурӯҳи Толибон 15 сол пеш, дуруст то замоне, ки эътилофи таҳти назорати Амрико онро сарнагун кард, бахши умдаи Афғонистонро таҳти назорат дошт. Эътилофи байналмилалӣ баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 Толибонро ҳадаф қарор дод.