Падарат дар куҷост? "Гузориши" фарзандон дар бораи сардори оила. САДО

Дар Тоҷикистон аз нирӯи кӯдакон барои ҷилавгирӣ аз гароиши падару бародаронашон ба гуруҳҳои тундрав, бахусус дар муҳоҷирати корӣ дар Русия, истифода мешавад. Мақомот дар шаҳри Исфара то кунун аз даҳҳо хонандаи мактаб дар бораи дар куҷову чикора будани калонҳои хонавода маълумот гирифтаанд. Собирбой Тӯйчиев – ноиби мудири яке аз мактабҳои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара – рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин иқдом асосан дар миёни хонандагони синфҳои аз 5 то 11 роҳандозӣ шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар куҷо будани падаронро аз фарзандон мепурсанд

Ҳар падару модар маъмулан кӯшиш мекунанд, ки хостҳои фарзандро бароварда бисозанд. Ин восита метавонад, таъсирҳои равонӣ дошта бошад.

"Аз хонандагон нахуст дар бораи дар куҷо ва бо чӣ кор машғул будани падару бародаронашон дар Русия пурсида мешавад. Баъдан ин хонандагон ба падару бародаронашон занг зада мегӯянд, ки бо меҳнати ҳалол машғул шуда, бо сари баланд ба наздашон баргарданд. Яъне, ба роҳи хато нараванд", - шарҳ дод ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, тақрибан ҳамаи хонандагон дар бораи падару бародарони худ маълумот доранд ва баъд аз сӯҳбат бо онҳо ба омӯзгорон “ҳисобот медиҳанд”.

Идораи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Инчунин, муҳассилин ҳангоми бозгашти наздиконашон аз Русия маъмурияти мактабҳоро дар ҷараён мегузоранд. Собирбой Тӯйчиев гуфт, “мо тавассути кӯдакон аз омадани падару бародарон огоҳ шуда, онҳоро даъват мекунем ва мақомот ҳамроҳашон сӯҳбатҳо анҷом медиҳанд.”

Мақомоти Исфара мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастани сокинони ноҳия дар муҳоҷират ба гурӯҳҳои тундрав “насиҳати кӯдакон ба бузургсолон”-ро низ роҳандозӣ шудааст. Ин шеваи кор аз суҳбати телефонии наврасон бо падару бародаронашон дар Русия иборат аст ва дар ин гуфтугӯҳо кӯдакон калонҳои хонаводаро насиҳат мекунанд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд.

Неъматуллои Мирсаид

Ҷамоати Чоркӯҳ аз минтақаҳои мазҳабии Тоҷикистон ба шумор рафта, 40 ҳазор аҳолӣ дорад. Теъдоди қобили мулоҳизаи мардони ин минтақа чун дигар сокинони деҳоти Тоҷикистон рӯзии аҳли хонаводаи худро аз муҳоҷират дар Русия, умдатан дар Маскаву атрофи он ба даст меоранд. Бино ба гузоришҳо, танҳо аз як деҳаи Чорқишлоқи ин ҷамоат 20 ҷавонро машаққати кор дар Русия барои “ҷиҳод” ба Сурия бурдааст.

Неъматуллои Мирсаид, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, аз тарафи фарзанд насиҳат шудани волидон ё бародарону хоҳарон чандон роиҷ нест. Вале бо ин ҳол гуфт, “агар шахс ба хотири ба даст овардани пулу сарват ба доми ифротгароҳо афтида бошад, ӯро наҷот додан имкон дорад. Аммо агар ба ғояҳоии ирфотгароӣ дода шуда бошад, аз роҳаш баргардондан ниҳоят душвор аст.”

Саъдӣ Юсуфӣ

То кунун ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароиши сокинони кишвар ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ аз иқдомҳои мухталиф кор гирифтааст. Мақомот дар давоми ду соли гузашта маъракаи зиддиифротгароиро бо сӯҳбату мулоқоти рӯбарӯ ва барномаҳои телевизиониву радиоӣ дар дохили кишвар ба роҳ монданд. Ҳамчунин бо ҳадафи хабардор шудан аз макон ва ҳузури сокинон дар Русия гурӯҳи вижа хона ба хона гашта, бо иҷозат ва дар ҳузури волидон бо фарзандони муҳоҷирашон сӯҳбатҳо анҷом додаанд.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилагари тоҷик, мегӯяд, корбарӣ аз усулҳои мухталиф то ба ҳол теъдоди ҷавонони хоҳишмандро барои пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав камтар кард ва ин василаи нав низ метавонад натиҷаи мусбат дошта бошад.

Бино бо омори расмӣ аз вилояти Суғд наздики 400 нафар ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

“Ҳар падару модар маъмулан кӯшиш мекунанд, ки хостҳои фарзандро бароварда бисозанд. Ин восита метавонад, таъсирҳои равонӣ дошта бошад. Падароне, ки дар сар ақидаи пайвастан ба гурӯҳи тундравро доранд, шояд баъд аз сӯҳбат бо фарзанд дар баробари як интихоби душвор қарор бигиранд, вале ба эҳтимоли қавӣ ин масъала ҳалли мусбат пайдо мекунад”, - афзуд ӯ.

Бино бо омори расмӣ аз вилояти Суғд наздики 400 нафар ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия пайвастаанд. Дар ҳоле ки мақомот аксари ин афродро “гумроҳ” ва “камсавод” ном мебаранд, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бекорӣ ва беназоратии онҳо дар муҳоҷират дар Русия низ аз иллатҳои аслии ин вазъ аст.