Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар вилоятҳои Оқтеппа ва Қазоқистони Ҷанубӣ 11 нафар бо гумони таблиғи ақидаҳои терроризм ва барангехтани адовати динӣ боздошт шудаанд.
"Фаъолияти чаҳор гуруҳи тундгаро безарар карда шуд, ки аъзои ин гуруҳҳо маводи таблиғотӣ паҳн ва ба пуштибонӣ аз созмони террористии "Давлати исломӣ" даъват мекарданд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
Манбаъҳои дигар ин иттилои Кумитаи амнияти миллиро шарҳ намедиҳанд. Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки дар сафи "Давлати исломӣ" садҳо шаҳрванди Қазоқистон меҷангад.