Тазоҳуроти ҷонибдорони Текебоев дар назди "Кохи сафед"

Намоиши эътирозии ҷонибдорони раҳбари мухолифин Омурбек Текебоев. 20 апрели соли 2017.

Дар шаҳри Бишкек тазоҳуроте бо талаби раҳоии Омурбек Текебоев, раҳбари ҷиноҳи "Ота Макон" дар порлумон ва сиёсатмадори мухолиф, баргузор шуд, ки ба фасодкорӣ ва қаллобӣ муттаҳам аст. Дар ин ҳамоиши эътирозӣ дар рӯ ба рӯи бинои порлумони Қирғизистон наздики 50 фаъоли маданӣ, вакилон аз ҷиноҳи "Ота Макон" ва аъзои "Кумитаи ҳимоят аз маҳбусони сиёсӣ" иштирок карданд.

Тазоҳургарон, инчунин, аз мақомот талаб намуданд, то тамоми маҳбусони сиёсиеро, ки ба талоши ғасби ҳукумат аз роҳи зӯрӣ айбдор шудаанд, озод кунанд. Пулис мегӯяд, ин тазоҳурот бидуни иҷозат баргузор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон, додгоҳ то 25 апрел баргузор кардани тазоҳуротро дар тамоми манотиқи Бишкек, ба ҷуз майдони Горкий, манъ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, Текебоев дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Ӯро дар асоси даъвои соҳибкори рус Леонид Маевский боздошт кардаанд. Соҳибкори рус мегӯяд, соли 2010 барои мусоидат ба харидани саҳмияҳои ширкати "Мегаком" ба Текебоев як миллион доллар додааст.