Аарон Ҳернандез, бозигари собиқи Лигаи миллии Амрико, ки бо ҷурми куштор ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар ҳуҷраи маҳбаси аёлати Массачусетс худкушӣ кардааст. Мақомот ин хабарро таъйид намуданд.
Сухангӯи Департаменти ислоҳот Кристофер Фаллон гуфт, ки нигаҳбонҳои зиндон Ҳернандезро субҳи 19 апрел пайдо карданд ва марги ӯ дар бемористон тасдиқ шуд.
Фаллон гуфт, ки собиқ ситораи футбол бо истифода аз рӯйпӯши рахти хоб худро дар тирезаи маҳбас овехт.
Ҳернандези 27-сола, ситораи рӯ ба тулӯи Лигаи миллии Амрико, соли 2013 бо ҷурми куштори хоҳари арӯсшавандааш боздошт ва барои як умр зиндонӣ шуд.