Шӯрои Аврупо нашрияи "Новая Газета"-ро бинобар изҳороти мақомоти расмӣ ва рӯҳониёни Чеченистон алайҳи хабарнигорони нашрия ба рӯйхати матбуоте шомил кард, ки дар ростои болотарин таҳдид қарор дорад. Ин хабар рӯзи 18 апрел дар сомонаи Минбари ҳимоят ва амнияти хабарнигорон нашр шуд.
Дар Шӯрои Аврупо гуфтанд, ки маълумот дар бораи таҳдиди хабарнигорони нашрия аз созмонҳои коршарик, аз ҷумла Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дастрас шудааст.
Рӯзи 1 апрел нашрияи "Новая Газета" аз боздошт ва шиканҷаи дастҷамъонаи сокинони Чеченистон хабар дод, ки дар гароиши ҷинсӣ гумонбар шудаанд.
Мақомоти Чеченистон ин хабарро тавтеа номида ва қавл доданд, ки "таҳрикдиҳандагон"-ро муҷозот мекунанд. Нашрияи "Новая Газета" дар бораи даъватҳои муҷозоти мустақими хабарнигоронаш гузориш дод.
Минбари ҳимоя ва амнияти хабарнигорон тарҳи Шӯрои Аврупо аст, ки соли 2014 ба фаъолият оғоз кард. Шӯро мегӯяд, ки мақомоти Маскав дар ин муддат ба ҳеҷ як аз 30 ҳушдори марбут ба расонаҳои Русия посух надодааст.